(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №25-и шаҳри Хуҷанд барномаи адабӣ-мусиқӣ бахшида ба Рӯзи Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, маъмурияти муассисаи таълимии томактабӣ ва мураббиёну тарбиятгирандагони он баргузор гардид.

Нахуст дар бораи Устод Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Муҳаммад Рӯдакӣ барои ҳозирин маълумот дода шуд ва таъкид гардид, ки Устод дар синни 7 солагӣ китоби Қуръонро азхуд карда буд. Дар 8 солагиаш шеъру шоириро оғоз намудааст. Рӯдакиро асосгузори назми форси тоҷикӣ, сардафтари адабиёти классикӣ, устоди шоирон, султони шоирон, маликушшуаро низ меномиданд.

Сипас, аз ҷониби дӯстрӯякони муассисаи таълимӣ шеъру суруд аз ашъори Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қироат карда шуд. Рақси мавзун, ки матни суруди он таҳти унвони «Гули лола» ба қалами Устод Рӯдакӣ тааллуқ дошт, аз ҷониби хурдсолон бо маҳорати баланд намоиш дода шуд. Ҳамчунин байтбарак аз ашъори Рӯдакӣ ташкил гардид.

Порчае аз ҳаёти султони шоирон-Рӯдакӣ, ки дар дарбори давлати Сомониён хидмат намудааст, аз ҷониби тарбиятгирандагони кӯдакистон бо маҳорати баланд намоиш дода шуд, ки хеле муассир буд.

Мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Нозимова ва роҳбари иттиҳодияи мудирони кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд Кимё Исматова ба чорабинӣ баҳои баланд дода, ба маъмурияти кӯдакистони №25 баҳри ташкли он сипосгузорӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд