(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади арҷгузорӣ ба бузургдошти сардафтари адабиёти форсу тоҷик дар макотиби таҳсилоти миёнаи шаҳри Хуҷанд озмуни «Рӯдакихонӣ» баргузор ва даври ниҳоии он дар МТМУ №15-и шаҳр натиҷагирӣ карда шуд.

Дар даври ҷамъбастии озмун зиёда аз 30 нафар хонандагони фаъол иштирок ва асарҳои қофиласолори адабиёти форсу тоҷикро дар ҳузури ҳакамот қироат намуданд.

Аъзои ҳакамот ба тарзи қироат, интихоби асар, забондонӣ ва маҳорати хонандагон баҳо дода, ғолибонро муайян намуданд.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи қувваозмоӣ Мадина Ботурова хонандаи синфи 6-и МТМУ №23 ва Ҳайдар Ҷӯраев муҳассили МТМУ №18 дар даври ниҳоии озмуни «Рӯдакихонӣ» мақоми аввалро соҳиб гардиданд.

Дигар иштирокчиёни озмун: Мубина Ахмедова (МТМУ №21), Бахтовар Ғаффорӣ (мактаби хусусии Пӯлотов) ва Ризвони Абдурашид ҷойи дуюм ва Омина Нозимова (МТМУ №10), Шарифа Кенҷаева (гимназияи №4) ва Шаҳноза Пӯлотова (МТМУ №11) зинаи сеюмро ишғол намуданд. Намояндагони шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ғолибон диплом ва Сипосномаҳо тақдим намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд