(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ бомаром пеш меравад.

Бо иқдоми раёсати донишкада чорабиниҳои ободонию созандагиҳоро дар ҳамаи бинои марбут ба донишкада вусъат ёфтаанд.Ин буд, ки бо дастгириҳои бевоситаи Давлату Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарияти донишкада факултетҳои информатика ва энергетика, бинои факултетти муҳандисӣ – иқтисодӣ ва пештоқи бинои маъмурияти донишкадаро аз таъмири куллӣ бароварда шуда истодаанд.

Сохта ба истифода додани озмоишгоҳи замонавӣ бо тамоми шароити мусоид барои корҳои лаборатории донишҷӯён, бунёди майдончаҳои варзишӣ, сехи нонпазӣ ва ба даст овардани якчанд патенту шаҳодатномаҳои ихтироотӣ худ исботи гуфтаҳои болоӣ буда, самараи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар донишкада ҳамасола корҳои ободониву бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ ва тармиму таҷдиди бинои факултетҳои донишкада идома дошт ва бахшида ба ин санаи таърихии миллат, омодагиҳои ҷиддӣ рафтаистодааст.

Маърифат Мавлонова