(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд вокеъ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, азҷумла Абдуҳалим Ғаффоров, Миралӣ Достизода ва Гулбаҳор Назирӣ бо кормандони соҳоти савдо, фарҳанг, занҳои фаъол ва ҳунармандон, сокинони маҳаллаҳои Бофанда, Шарқ, Тути калон, Содирхон Ҳофиз мулоқот баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда,ҳадафи онро ба ҳозирин шарҳ дод.

Сипас, вакилон доир ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, маълумот дода аз ҷумла афзуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад, таъмини шароити зиндагии арзандаи аҳолӣ ва ё паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Ин аст, ки аз соли 1997 инҷониб оид ба ин масъала дар мамлакат барномаву стратегия ва лоиҳаҳои мухталиф татбиқ карда шуда, имрӯзҳо амалишавии иддае аз чунин санадҳо идома дорад. Маҳз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ба сари ҳокимият омадани фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат оид ба ин масъала тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда, барномаву стратегияҳои давлатӣ татбиқ гарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2018 зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат то 29,5 фоиз коҳиш ёфт. Яъне баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ марҳила ба марҳила паст карда шуд. Ин натиҷаи татбиқи тадбирҳои андешидашуда буд, ки дар ин давра амалӣ карда шуданд. Масалан, агар панҷ соли охирро муқоиса кунем, сатҳи камбизоатӣ аз 40 фоиз бештар аз 10 фоиз паст шуд, ки ин натиҷаи бебаҳси татбиқи барномаҳои зикршуда мебошад.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 2017 зимни суханронии худ ба муносибати 25–умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «даромади аҳолӣ қариб 30 баробар ва пасандозҳо беш аз 90 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 то 30 фоиз коҳиш ёфт. Ба туфайли интихоби дурусти ҳадафҳои умумимиллӣ ва амалӣ гардонидани стратегияву барномаҳои давлатӣ дар 17 соли охир суръати миёнаи рушди иқтисодии мамлакат ба 7,7 фоиз баробар шуд. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло ин шумора ба беш аз 2000 адад расидааст». Чунин таҳлилу баҳодиҳии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исботи он аст, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ба таври назаррас паст карда шудааст.

Зикр шуд, ки имрӯз самтҳои асосии фаъолияти дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амнияти миллӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, густариши муносибатҳои дипломатӣ (бо роҳи эълон намудани сиёсати «дарҳои боз») ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои шаҳрвандон равона гардидааст. Истиқлолият барои ҳар сокини давлати мо, пеш аз ҳама, имкони зиндагии озодона ва соҳибихтиёрии миллиро фароҳам меорад. Мо бояд ифтихор намоем, ки дар қатори садҳо давлатҳои дунё дар харитаи олам чун мамлакати озоду соҳибихтиёр ҷой дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки ба даст овардани истиқлолият кори басо душвори заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирўзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст.

Дар анҷоми мулоқот интихобкунандагон ба вакилон бо суолу дархостҳои хешро муроҷиат карда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд