(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Аҳли санъати тоҷик хизматҳои беназири устод Боймуҳаммад Ниёзовро хуб мешиносанд. Тамоюли фаъолияти эҷодиаш бештар ба ҷодаи санъати ҳирфаӣ возеҳ гашта, бо санъати беназири Шашмақом иртиботи қавӣ дорад.

Ташаккул ва бунёди мактаби устод Боймуҳаммад Ниёзов асосан дар ду самт ҳувайдо мегардад, яъне мактаби сарояндагии суннатии Хуҷандшаҳр ва мактаби Шашмақом аст. Аз ин лиҳоз, эҷодиёти устод Б.Ниёзовро дар ҳамин равандҳо метавон мавриди таҳлил қарор дод.

Мусаллам аст, мактаби сарояндагии Хуҷанд бо номи ҳунармандиасил, устодизабардаст Содирхон Ҳофизалоқамандии бевосита дорад. Аз мактаби Содирхон як зумра шогирдон, ба монанди Мақсудҷон Болтуев, Дадобой Ўрунбоев ва Маъруфхоҷа Баҳодуров баҳраманд гашта, мактаби нодири сарояндагии ўро бо эҷодиёти нав идома доданд.

Устод Боймуҳаммад Ниёзов аввалин сабақи ҳунари санъа- ти сарояндагию навозандагиро аз Мақсудҷон Болтуев (Танбурӣ) аз бар намудааст. Дар хусуси эҷод ва фаъолияти устод дар Энсиклопедияи адабиё ва санъати тоҷик, Донишнома ва дигар сарчашмаҳо маълумоти муфассал дарҷ гардидааст.

Хизматҳои шоёни Боймуҳаммад Ниёзовро истеъдод, до- ниш, хирад, меҳнат ва заҳматҳои зиёде дар роҳи санъату ҳунари сарояндагӣ ва матонату тавоногӣ ифода менамояд, ки акси он дар поси эҳтиром ва арзи сипоси беканори шунавандагон, мухлисон ва ҳаводорони бешумори ҳунари сарояндагии ў бараъло эҳсос мегардад.

Тавре дар боло зикр гардид, раванди фаъолият устод дар ду самти эҷодӣ муайян карда мешавад ва ҳар кадоми онҳо бо ҳамдигар хеле қаробати наздик дорад. 1. Самти фаъолият дар эҷодиёти сурудҳои халқӣ; 2. Самти фаъолият дар санъати мақомсароӣ ва мақомдонӣ.

Боймуҳаммад Ниёзов тарбияи нахустин ва дониши ҳунарии хешро аз устодони мактаби Хуҷандшаҳр оғоз намуда, аввалин сурудҳои худро низ дар таъсири ҳамин муҳити эҷодӣ офаридааст. Аз ин ҷо метавон хотирнишон кард, ки заминаи асосии ташакку- лёбии эҷодиёташро сурудҳои халқию касбӣ ва классикӣ ташкил медиҳанд.

Дуюм самти фаъолияти эҷодӣ, ки нисбатан хеле мураккаб ва заҳматталаб барояш ба вуқўъ пайвастаст, нақши алоҳида касб мекунад. Мактаби сарояндагии Шашмақом аз рўи мавқеяш хело ҷиддӣ ва заҳматталаб аст. Онро танҳо нафароне, ки соҳиби ис- теъдод ва иродаи қавӣ, сабру субот ва инчунин, садоқату мато- нат доранд, метавонанд ҳунаромўзӣ кунанд. Устод Боймуҳаммад Ниёзов ба тамоми шохаҳои ин сифатҳои ҳунарро ба дўши худ қабул намуда, баъд роҳи ҳунаромўзиро интихоб кардааст. Дар муддати начандон тўлонӣ аз соҳибмактаби номии Шашмақом – Шоҳназар Соҳибов қисмати амалии сарояндагиро аз бар ме- намояд ва дар самти эҷод ва фаъолияташ сабку услуби хоси са- рояндагиро пайдо мекунад. Иродаи қавӣ ва садоқати бепоён ба Шашмақом ба ў имконият медиҳад, ки дониш ва малакаи худро мустаҳкам намояд ва ба дараҷаи устодӣ муяссар гардад. Пас аз марги Шоҳназар Соҳибов солҳои зиёд (1978-1987) сарвари эҷодии Ансамбли мақомсароёни Кумитаи садо ва симои Тоҷикистонро ба ўҳда дошт.

Устод аз соли 2003 то охири умраш (2009) ба ҳайси усто- ди маркази «Ҳунар» фаъолият дошт ва як силсила шогирдони болаёқатро тарбия намуда, ҷиҳати маҳорати ҳунари сарояндаги- ашро сайқал дод.

Тасмим гирифтем, чанд лаҳза аз таҷрибаи кори устодро оид ба услуби таълими Шашмақом, ки солҳои тўлонӣ мазмуни му- каммал пайдо кардааст, ҳамчун роҳнамои таълимӣ ба мутахас- сисон ва омўзгорони ҷавон пешниҳод намоем. Онро дар поён бо таври иқтибос, аз нақли худи устод овардем.

Тарзи услуби таълимии Боймуҳаммад Ниёзов Соли 1964 бо қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон банда ба Ансамбли шашмақомсароёни назди Кумитаи садо ва симои тоҷик ба ҳайси ҳофизи яккахон ба кор даъват шудам ва фаъолияти эҷодиямро оғоз намудам.

Устози аввалини ман дар омўзиши нозукиҳои мусиқии классикӣ, шахси мўътабар Шоҳназар Соҳибов мебошад, ки аз тақдирам розиям. Ба замми ин, фаъолияти кулли устодону ҳунармандони дастаи мақомсароён низ барои ман мактаби бузург асту муқаддас. Зеро дар ҳамин муҳити эҷодӣ сабки мактаби сарояндагиямро оид ба Шашмақом пайдо намуда, ташаккул ва сайқал додам.

Пас аз вафоти устодам Шоҳназар Соҳибов аз соли 1978 то 1987 ман вазифаи муаллими дастаи шашмақомсароёнро ба уҳда доштам. Дар солҳои 1980 то 1987 дар шуъбаи мусиқии шарқи Доишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба вазифаи муаллими синфи сарояндагони классикӣ ҳамкорӣ до- штам ва ба шогирдон дарс мехондам.

Аз соли 1993 фаъолияти худро дар собиқ муассисаи таъли- мии Академияи мусиқии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки соли 1998 ба факултаи санъати назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мубаддал гашт, дар вазифаи профессори кафедраи мусиқии анъанавӣ идома додам.

Услуби асосии таълимоти ман дар омўзгорӣ дар заминаи таълимоти устодони ман асос меёбад. Асоси қоида ва қонунҳои онҳо аз чунин равандҳо иборатанд:

1. Вазифаи аввалин барои омўзгор интихоби дурусти шо- гирд мебошад. Вазифа хело ҷиддӣ ва бомасъулият аст, бинобар ин ба қобилият ва имконияти истеъдоди овоз ва хониши суруд, эҳсоси шунавоӣ, дарки зарбу усул ва аз ҳама муҳиммаш, ба чеҳра ва қадду қомат низ бояд эътибори хоса дод.

2. Дар вақти машғулиятҳо бо шогирдон бояд ба чунин паҳлўҳои таълим таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир намуд: Дар ҷараёни ҳунаромўзӣ ва такрори вазифаи корҳои мустақил донишчў бояд бисёр сурудҳои классикиро гўш кунад. Алалхусус, ба зарбу усули оҳанг ва мазмуни матну суханони он диққати хоса ҷалб намояд.

3. Омўзгор дар ҷараёни ҳунаромўзӣ ба чунин сифати кор бояд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянду оғози зинаи таълими сарояндагиро ҳатман аз сурудҳои нисбатан сода ва ҳаҷман хурд бояд мавриди интихоб қарор дод. Ба замми ин, тарзи омўзиши қисми дохилии асарҳо ҳатман аз порчаҳои нисбатан сода ва сабук бояд шурўъ шавад, зеро ин омил аз як ҷиҳат барои фаҳмиши нозукиҳои асар кўмаки ҷиддӣ расонад, аз ҷиҳати дигар, ба тақвият додани техникаи садопардаҳои овоз натиҷаи хуб меоварад.

4. Ҳангоми ҷараёни дарс омўзгор вазифадор аст, асари ин- тихобшударо аз хатти аввал то ба охири он, бо истеъдоди хуб иҷро намояд, то ки шогирд кулли нозукиҳои сурудро шунавад ва нисбати он завқ пайдо кунад.

5. Зинаи дигари таълим, шиносоӣ бо зарбу усули асар аст, ки шогирд бояд хусусияти онро шунида, хуб дарк намояд ва аз ҳама муҳимаш, зарбашро (бо дойра ва ё бо даст) навохта тавонад.

6. Дар таҷрибаи ман асарҳои интихобшудаи дарс, аз ҷумла, сурудҳои Шашмақом, аз ҷиҳати сохти таркибаш ба қисматҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Дар асоси ҳамин услуб, ҳар як қисми он ба таври сода омўзонида мешавад, ки ба қоидаҳои сохти мақомҳо маъмуланд, ҷараён мегирад: Даромад, Миёнхат, Авҷ, Дунаср ва Фуровард.

7. Ба талаффузи шогирдон низ аҳамияти хоса зоҳир намудан шарт аст, ки суханони матни суруд бояд бурро ва ҳам фаҳмо бошанд.

Султоналӣ Худойбердиев