(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади иҷрои дастур супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи мардум ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, суратбахши истеҳсолот, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ таҳким ёфта, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ рушду такомул ёфта истодааст.

Ҳадафи нави стратегии саноатикунонии кишварро саноатчиёни шаҳр боз як иқдоми ояндасози саривақтӣ ҷонибдорӣ намуда, дар ин давра аз тарафи 162 корхонаҳои истеҳсолӣ 93 намуд маҳсулот ба маблағи 833,3 миллион сомонӣ истеҳсол гардида, ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 15,3 дар сад ё 110,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор маҳсулоти истеҳсолшуда 58 номгўй ба маблағи 220,2 млн. сомонӣ маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба ҳисоб рафта, ба 16 давлатҳои хориҷи кишвар зиёда аз 118,3 млн. сомонӣ маҳсулот содир карда шудааст. Илова бар ин, аз тарафи корхонаҳои дўзандагии шаҳр ба маблағи 5,9 млн. сомонӣ, ба миқдори 121,1 ҳазор воҳиди шартӣ либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст. Яъне, ин миқдори шартии либоси мактабӣ талаботи хонандагони шаҳри Хуҷандро сад фоиз (40273 адад) қонеъ гардонида, илова бар ин, хонандагони дигар шаҳру ноҳияҳоро низ таъмин карда метавонад.

Дар ин давра теъдоди умумии корхонаю муассисаҳои шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 111 адад зиёд шуда, танҳо дар соҳаи саноат 8 адад корхонаҳои истеҳсолии хурду миёнаи нав, аз ҷумла, ҶДММ «Ориён Суғд», «Зиёрати Хуҷанд», «Разоқов Рустам», «Белтатекс», «Хуршед 777», «Обод 95», «Маҳкамов» ва СИ «Хоҷаев Б» таъсис ёфта, аз ин ҳисоб зиёда аз 100 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар ин давра 1675 ҷои нави корӣ таъсис дода, ҳаҷми музди миёнаи маоши кормандони хоҷагии халқ ба 1430,3 сомонӣ расида, пардохти музди маош ба пуррагӣ амалӣ гашта, дар соҳаҳои буҷетӣ қарз аз музди маош ҷой надорад.

Дар шароити муосир ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт омили асосии таъмини рушди устувор ба ҳисоб рафта, бо ин назардошт дар давраи ҳисоботӣ 9,8 миллион доллар сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шудааст, аз ин 5,9 млн. доллари амрикоӣ сармояи дохилӣ буда, 3,9 млн. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд