(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар Кохи фарҳангии «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мувофиқи нақшаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, литсейҳои касбӣ техникӣ, коллеҷҳо, сокинони маҳаллаҳои 1 май ва Ҷаббор Расулов баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз ва иттилоъ дод, ки дар мулоқоти имрӯза дар баробари вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, ҳамзамон раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ҳузур доранд. Ҳадафи баргузории вохӯрӣ ин баён намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст.

Сипас, Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, нахуст доир ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 маълумот дода аз ҷумла афзуд, ки «Дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд. Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид.

Гулбаҳор Назирӣ гуфт, ки шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион нафари соли 1990 ба 9,1 миллион нафар дар соли 2018 расид ва дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад. Ин аз мо тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем. Мо бояд барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд намоем.

Иттилоъ дода шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин, нафақа ва стипендия то 15 фоиз баланд бардошта шуд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои амалӣ намудани ин иқдом дар соли 2019 1,2 миллиард сомонӣ равона мегардад. Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон доир ба рушди босуботи мамлакат ва дастовардҳои муҳими соҳоти мухталиф ба интихобкунандагон маълумот дод.

Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар баромади худ доир ба саҳми назарраси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалишавии стратегияҳои муайяннамудаи Давлату Ҳукумат андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки танҳо зимни сафари охири худ Роҳбари Давлат дар шаҳри Хуҷанд 9 иншооти таъиноташ гуногунро мавриди истифодабарӣ қарор доданд. Гузашта аз ин ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёду азнавсозии 510 иншооти иҷтимою иқтисодӣ, маданию фарҳангӣ бомаром идома дорад. Аллакай 50 фисади иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд ва зиёда аз ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бо баёни суолу пешниҳодот аз ҷониби интихобкунандагон ва ҷавобҳои қаноатбахш аз тарафи Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мулоқот ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд