(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Аз 11 то 18 сентябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳанд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд мулоқот менамояд. Рӯзи аввали мулоқот санаи 11.09.2019 дар Кохи фарҳангии «Суғдиён» бо кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, литсейҳои касбӣ техникӣ, коллеҷҳо пешбинӣ шудааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар вохӯриҳои худ нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, шарҳ медиҳанд. Аз ҷумла, мавзӯъҳои вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби сармоягузориву рушди бемайлони соҳибкорӣ ва амалигардии ҳадафҳои стратегӣ, бакорандозии чархаи дуюми НБО «Роғун» ва ғайраҳо дар мулоқоти вакилони мардумӣ бо интихобкунандагонашон баррасӣ хоҳанд шуд.созанда ва хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд