(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба 36 нафар собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатӣ кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, нахуст ҳамагонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар арзиши муҳиму олӣ маҳсуб меёбад. Зеро даврони Истиқлолият, ки марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳиму тақдирсози халқи мо мебошад, мақоми кишварро дар арсаи ҷаҳон ба шоистагӣ муайян сохт, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гардид, ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатиашро бо бисёр кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуд.

Ба таъкиди Маъруф Муҳаммадзода дастоварди бузургтарини Истиқлолият барои мардуми тоҷик давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ мебошад, ки ин ҳама бо азму ирода ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Дар чунин марҳила тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шаванд ва Истиқлолият ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванд мубаддал гардад.

Сипас, Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Истиқлолият рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мост, ки ба марҳилаи нави давлатдории миллӣ, иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору меҳнатқарини мо ҳусни оғоз бахшид. Соҳибистиқлолӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накў нерўи тозаро эҳдо кард. Маҳз тавассути Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки арзишҳои милливу фарҳангии хешро дубора эҳё ва ба ҳифзи асолати таърихӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем».

Сипас, ба 36 нафар собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатии шаҳри Хуҷанд кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба андозаи 500 сомонӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд