(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТТ№23-и шаҳри Хуҷанд бо баргузор намудани маҳфили хушҳолӣ кӯдакон Рӯзи Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуданд. Шеъру суруд, таронаҳои ватандӯстонаи кӯдакон табъи ҳозиринро болида сохтанд.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд тарбиятгирандагон ва мураббияҳои кӯдакистони №23-ро бо солгарди навбатии Истиқлолият таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон дастовард ва неъмати бебаҳо буда, моҳияти таърихии он заминаи рушду нумӯи илму маърифат, фарҳанг, иқтисодиёт, сиёсат, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба ҳисоб меравад.Солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон дар кадом ҳолати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Оғози Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро муборизаҳои сиёсӣ фаро гирифтанд, ки он дар натиҷа ба ҷанги дохилӣ мубаддал гардид. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва тақдири ояндаи миллату давлат муайян шуд. Маҳз ин Иҷлосия ба худ номи тақдирсоз гирифт ва ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон қадамҳои нахустин гузошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд