(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ - амалӣ дар мавзўи «Дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият» бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, устодони донишгоҳҳои олӣ, кормандони маориф, тандурустӣ, фарҳанг, донишҷӯён ва раисону фаъолони маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.

Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон санаи 9 сентябри соли 1991 чун Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, ки имсол мо 28 - солагии онро ҷашн мегирем. Воқеан ҳам Истиқлолият ганҷи бебаҳо ва неъмати азизтарин барои мардум аст. Зеро маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқ-лоламон мебошад.»

Таъкид гардид, ки агар ба марҳилаи рушди 28 соли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар маҷмўъ дар арсаи байнал-миллалӣ ҳамчун кишвари мустақил арзи ҳастӣ кардани Тоҷикистони азиз, аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.

Дар ҷараёни кори конфронс дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботурҷон Алимов, дотсенти кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Анвар Ҳоҷиев, асистенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Акмал Ибодуллоев ва дигарон баромад намуда, дар бораи арзишҳои Истиқлолият, саҳми Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ, дастовардҳои замни Истиқлолият маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Зикр гардид, ки имрўз дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави бунёдкорӣ фаро расидааст.

Пиру барно ин сиёсати созандаро гарму ҷўшон дастгирӣ намуда, сидқидилона таъкид мекунанд, ки қадами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубораку ҳуҷаста аст.

Ҳар сари қадам нишон аз пешрафту бунёдкорист ва онҳоро метавон аз чеҳраи ҳар як сокини мамлакат баръало мушоҳида кард. Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва Ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Иттилоъ дода шуд, ки обод гардидани садҳо киллометр роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ ва корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ мебошанд. Бояд қайд кард, ки танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави шаҳр 163 адад корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ арзи ҳастӣ намуданд, ки аксари онҳо бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ифтитоҳ қарор дода шудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд