(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Кулли кормандони соҳаи китобдориро бо иди касбиашон «Рўзи китоб» аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, рўзгори ободу осуда ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа муваффақиятҳо хоҳонам.

Воқеан ҳам, китоб сарчашмаи дониш буда, ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад. Инсоният дар ҳамаи давру замонҳо китобро ҷузъе аз тарғиботи муҳими умри азизи худ қарор дода, онро муқаддас меҳисобиданд.

Дар васфи бузургию аҳамияти китоб барои инсон ва ҷамъият аз бузургони адабиёти форсӣ сар карда, то классикони бузурги адабиёти Аврупо ва рус аз қабили Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷомӣ, Айнӣ, Пушкин, Достоевский, Гёте, Шекспир, Байрон, Балзак ва дигарон суханҳои басо ҳикматомез аз худ ба ёдгор гузоштаанд.

Дар ин радиф, соли ҷорӣ бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» миёни хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардида, барои иштирок ба даври вилоятии озмун аз шаҳри Хуҷанд 13 нафар ғолибон роҳхат гирифтанд.

Соли равон дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ваҳдат дар бинои нави мутобиқгардонидашуда китобхонаи шаҳрӣ ба фаъолият шурўъ намуда, ҳамчунин дар шаҳр китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо нуҳ филиалҳои худ, китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ ва китобхонаҳои ташкилоту муассисаҳои мухталиф бо фаъолияти арзандаи худ баробари ба хонандагон хизмат расонидан, дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқололии Ватани маҳбубамон ва ба ин васила баланд бардоштани маърифату ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи фарҳангии шаҳрвандон нақши муҳим гузошта истодаанд.

Боварии комил дорем, ки минбаъд низ кормандони китобхонаҳои шаҳри бостонии Хуҷанд барои ғанӣ гардонидани дастовардҳои меҳнатиашон баҳри ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз пайваста кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Бо таманниётҳои нек, бори дигар Шумо кормандони соҳаи китобдориро бо иди касбиатон «Рўзи китоб» табрик намуда, бароятон бароятон осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва сиҳатмандию саодати зиндагиро таманно менамоям.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд