(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Рӯзи дониш аз коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд боздид намуд. Коллеҷи тиббии шаҳр дар арафаи соли нави хониш мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, бо беҳтарин шароит бо донишомӯзон пешкаш гардидааст.

Раиси шаҳр ба роҳбарияти коллеҷи тиббӣ ҷиҳати хуррамгардонӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маъруф Муҳаммадзода зимни суҳбат бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр дар партави дастуру супоришҳои ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш таъкид дошт, ки ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд. Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд