(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Устодону омўзгорони муҳтарам!

Хонандагони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои идона, ки мову Шумо дар остонаи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ ва ба муносибати Рўзи дониш Шуморо самимона табрик намуда, ба хонандагон дар фатҳи қуллаҳои дониш, ба устодону омўзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям.

Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерўи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омўзгорон пирўзиву комёбиҳо орзу дорам.

Хонандагони азиз!

Ояндаи кишвар ва тақдири давлату миллат дар дасти Шумост.

Ҳамчун анъана Рўзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, зеро ин ду мафҳум, дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрўзҳо гўшаву канори гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифтааст.

Дар робита ба ин таъкид менамоем, ки ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси миллат, аз ҷумла Шумо хонандагон мебошад. Бинобар ин ҳар лаҳзаи умри худро сарфи донишомўзӣ, забономўзӣ, омўзиши касбу ҳунар ва техникаву технологияҳои муосир намоед, то ки ворисони ҳақиқии аҷдодони худ ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ гардед.

Умедворем, ки Шумо – омўзгорону устодони муҳтарам рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандўсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред. Дар ин ҷода ба ҳар яки шумо муваффақият ва барору комёбиҳо таманно дорам.

Омўзгорону толибилмони азизро бо фарорасии Соли нави таҳсил, Рўзи дониш самимона табрик гуфта, ба Шумоён тансиҳатӣ, руҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва Иди дониш фархунда бод, омўзгорону толибилмони азиз!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд