(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи машвартии Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри ХуҷандБо мақсади таҳлили сатҳи иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи риояи танзими расму оину маросимҳо ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, бо иштироки сарварони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей- гимназияҳо, мактабҳои варзишии бачагон ва наврасон, варзишгарон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус, намояндагони шӯрои занони маҳалла, маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев ва Мазбут Воҳидов сармутхассиси шӯъба оид ба корҳои дини дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ширкат намуданд.

Вобаста ба риояи қонунҳои мавҷуда, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ байни ҷавонон, ба марҳилаи сеюми таҳсил ҷалб намудани духтарон, нуктаҳои асосии баромади муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова буд.

Мазбут Воҳидов сармутхасиси шӯъбаи оид ба корҳои дини дастгоҳи Раиси вилояти Суғд аз ҷавонон даъват намуд, ки доири пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронуниҳо байни ҷавонон ва ноболиғон фаъол бошанд. Шароитҳои мавҷуда имрӯз имконият медиҳад, ки ҷавонони фаъол барои амалӣ гаштани тадбирҳои ба пешрафти ҷавонон пешбинишуда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ чораҳои амалӣ андешанд, қайд намуд дар баромади худ сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев.