(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрикоти  Раиси шаҳри Хуҷанд  ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷикАҳли қалам, рӯзноманигорон, ноширон ва кулли алоқамандони матбуотро бо иди касбӣ – Рӯзи матбуоти тоҷик аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо самимият ва эҳтироми афзун табрик намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, табъи болидаю рӯзгори обод ва дар фаъолияти минъбада ба хотири ғановати фазои итилоотӣ, тарғибу ташвиқи ғояхои давлати демократии, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҳидояти мардум ба меҳнати созанда комёбиҳои тоза таманно мекунам.

Имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро ғановат мебахшанд ва боиси хурсандист, ки аҳли эҷоди васоити ахбори омма бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам медиҳанд, дар тарғиби сиёсати пешгрифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Ҷаноби Олӣ, Сарвари давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд ва бо истифода аз нерӯи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик ва дар ин замина рӯ овардан ба таърихи матбуот ин қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунундаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик аст, ки ҳанӯз 102 сол муқаддам нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф»-ро рӯи кор оварданд ва дар ҳамон айёми пурошӯб ба худшиносӣ, худогоҳии милати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик асоси устувор гузаштанд.

Васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рӯзгори мост ва сухани созанда ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд.

Дар ин рӯзи неку фархунда ба кормандони нашрияҳо, ноширон, собиқадорни соҳа ва ҳамаи алокамандони матбуот барору музаффариятҳо орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак, матбуотчиёни азиз!


Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                       Раҷаббой Аҳмадзода