(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд марҳилаи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» баргузор гардид.

Дар мусобиқа варзишгароне, ки дар марҳилаи якум ғолиб гардиданд аз рўи се номиннатсия: наврасони то 14 сола, ҷавонони аз 15 то 30 сола ва калонсолон аз 30 сола боло бо ҳам рақобат намуданд.

Тибқи низомнома мусобиқа аз рўи шоҳмоти зудбозӣ (рапид) гузаронида шуда, дар он зиёда аз 120 нафар дўстдорони ин намуди варзиш иштирок намуданд.

Дар натиҷа байни наврасон (духтарон) то 14 сола сазовори ҷои якум Ясмина Юсупова, мақоми дуюм Нуринисо Раҳимова ва зинаи ҷои сеюм Замира Алиева шуданд. Дар ҳамин синну сол байни писарон Амир Икромов, Ардашер Икромов ва Комрон Шавкатзода мутаносибан ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Байни ҷавонони (духтарон) аз 15 то 30 сола мақоми аввал насиби Маҳорат Ҷўраева, ҷои дуюм Мухбира Саидалиева ва сазовори ҷои сеюм Адлия Ўрунова гардиданд. Дар ҳамин синну сол байни писарон Абдуманон Ҷаборов, Баҳодур Тўйчиев ва Шоҳин Насимӣ ғолиб ба даст оварданд.

Байни калонсолон (бонувон) аз 30 сола боло сазовор ҷои якумро Шаҳло Қурбонова, мақоми дуюмро Нигора Ҷўраева ва зинаи сеюмро Марҳабо Самадова ишғол намуданд. Дар ҳамин синну сол байни мардон мутаносибан ғолибият насиби Маъруф Иномҷонов, Осимҷон Рустамов ва Рухшед Раҷабов гардид.

Дар ҷамъбасти мусобиқа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Нуруллозода Фирўза иштирок намуда, аз ҷумла қайд кард, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудан ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи шоҳмот байни наврасону ҷавонон ва калонсолон, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ аз рўи намуди шоҳмот мебошад. Дар анҷоми мусобиқа ба ғолибон ифтихорнома, медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд