(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кулли сокинони вилояти Суғдро ба муносибати Иди саиди Қурбон табрик намуданд.

Зимни ироаи паёми табрикии худ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки Иди саиди Қурбон иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат, покию назофат ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва дар ташаккули маънавии инсон ва такмили ахлоқи ҳамида мусоидат менамояд.

Мардуми меҳнатқарини кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мисли тамоми мусулмонҳои ҷаҳон иди саршор аз арзишҳои инсонпарварию мардумнавозиро дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд. Боиси таъкид аст, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат сол аз сол маърифати маънавию ахлоқии шаҳрвандон боло рафта, дар арафаи ҷашну идҳо таваҷҷуҳи соҳибкорону ашхоси баландҳиммат нисбати дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон, таъмиру тармими муассисаҳои иҷтимоӣ, мактабу кӯдакистон, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, беморхона, китобхона, ҳаммом, бунёди роҳу кӯчаҳо, ободонии маҳаллаву деҳаҳо, таъмиру тармими пулҳо ва дигар корҳои ободонӣ ба анъанаҳои нек табдил ёфта истодааст,- таъкид намуд Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода изҳори боварӣ кард, ки мардуми вилоят чун тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо истифода аз имкониятҳо барои ободию пешрафти Ватани маҳбубамон фаъолият намуда, барои анҷом додани рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандияшон ба таври доимӣ кӯшиш менамоянд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, зимни ироаи номаи табрикотии худ гуфт, ки боиси сарфарозист, ки мардуми Хуҷанди бостонӣ мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар Иди саиди Қурбонро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, саъйю талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол гирифта истодаанд.

Зеро бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ соҳиби имко-ниятҳои фаровон гардида, дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкамро соҳиб гашт.

Таъкид шуд, ки хайрхоҳу дастгирии бенавоёну бечорагон будан беҳтарин хислатҳои некўи инсони буда, ҳамин фазилат ифодагари асли моҳияти Иди Қурбон мебошад, ки ба шарофати он дастархони оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳам ғанӣ мегардад, инсонҳои соҳибдилу ғамхор сари ятимонро сила мекунанд, ба аёдати пирону барҷомондагон ва одамони яккаву танҳо мераванд, меҳру муҳаббати ҳамагон афзоиш меёбад.

Намозгузорон бо хондани намози Иди Қурбон баҳри амну осоиштагӣ ва рушду тараққиёти кишвари маҳбубамон дасти дуо бардоштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд