(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди саиди Қурбон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода якчанд нафар куҳансолону камбизоатон, собиқадорони арсаи меҳнат ва маъюбон мавриди аёдат қарор гирифтанд.

Шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки хайрхоҳу дастгирии бенавоёну бечорагон будан дар маҳаки асосии сиёсати имрӯзаи Давлату Ҳукумат қарор гирифтааст. Ҳамин фазилат ифодагари асли моҳияти Иди Қурбон мебошад, ки ба шарофати он дастархони оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳам ғанӣ мегардад, инсонҳои соҳибдилу ғамхор сари ятимонро сила мекунанд, ба аёдати пирону барҷомондагон ва одамони яккаву танҳо мераванд, меҳру муҳаббати ҳамагон афзоиш меёбад.

Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ соҳиби имкониятҳои фаровон гардида, дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкамро соҳиб гашт.

Аёдатшудагон Қориҷон Ахмедов, иштирокчии ҶБВ, Саид Тухсанбоев, ҷанговари интернатсионалист, Толиб Ҳалимов, Исломхӯҷа Ӯрунов, Таҳмина Муъминова, Хосият Зокирова ва дигарон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, баҳри оромӣ, ободӣ ва осоиштагии диёри биҳиштосоямон дуои нек намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар арафаи Иди саиди Қурбон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорону шахсони саховатманд садҳо ҳамдиёрони арҷмандамон дар радифи маъюбону дармондагон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кўдакони ятиму бепарастор бо маводҳои хўрокаву кўмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифта шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд