(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва собиқадорону мураббиён ва варзишгарон аз Рӯзи варзишгарон таҷлил карда шуд.

Маъруф Муҳаммадзода алоқамандони соҳаи варзишро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки бо шарофати Истиқлолияти мамлакат чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳр низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд. Аз ҷумла, соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳу эътибор қарор дода шудааст. Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.

Шаҳрдор гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҷиҳати татбиқи амалии дастурҳои Сарвари давлат, рушди соҳаи варзиш ва тандурустии ояндасозони миллатамон заминаҳои дилхоҳ эҷод намояд. Ин аст, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи омма ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳр шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, алҳол дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 7 варзишгоҳ, 181 майдончаҳои варзишӣ, 67 толори варзишӣ, 3 ҳавзҳои шиноварӣ, 37 иншооти махсуси варзишӣ ва 1 маркази варзишӣ ва солимгардонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Илова бар ин, дар шаҳр 6 мактабҳои варзишӣ бо теъдоди 132 нафар мураббӣ аз рўи 29 намуди варзиш ба 4090 нафар варзишгарон машқу тамрин дода истодаанд, ки аз ин шумора 421 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳамаи ин ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи варзиш буд, ки варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои бонуфузи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рўи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, каратэ – до, таэквандо, варзиши сабук, гўштини тарзи озод, дзюдо, гўштини миллӣ, самбо, камарбандӣ, бокс, чавгонбозӣ, шашкаю шоҳмот, шиноварӣ, қаиқронӣ, тенниси рўи миз ва ғайраҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маҳаллаҳо ва назди ташкилоту муассисаҳо боз бунёди даҳҳо адад иншооти гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шуда, алҳол дар қисмати зиёди онҳо корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори умедворӣ намуд, ки варзишгарони шаҳр минбаъд низ дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои дохилию ҷаҳонӣ иштирок намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафи варзиш ва тамаддуни миллати тоҷикро боз ҳам маъруфият мебахшанд.

Собиқадори соҳаи варзиш Ҳамза Пӯлотов аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Роҳбарияти Давлату Ҳукумат ба соҳа арзи миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки дар оянда низ баҳри тарбияву ба камол расонидани варзишгарони касбии парчамбардор аз тамоми имконоту захираҳо истифода хоҳанд намуд.

Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба 30 нафар устодони соҳаи варзиш, варзишгарони беҳтарин, собиқадорони варзиш тӯҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд