(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ҳамшаҳриёни азиз, варзишгарони муҳтарам!

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумоёнро бо Рўзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно дорам.

Бо шарофати истиқлолияти мамлакат чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳр низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд.

Аз ҷумла, соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳу эътибор қарор дода шудааст.

Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.

Зимни суханрониҳои хеш Пешвои муаззами миллат изҳор доштаанд, ки «Ҷавонони соҳибмаърифату босавод ва аз ҷиҳати ҷисмонию маънавӣ баркамолро тарбия намудан вазифаи боифтихор аст. Зеро, ки ҷавонони солиму пурқудрат – тандурустиву қудрати миллатанд».

Дар робита ба ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҷиҳати татбиқи амалии дастурҳои Сарвари давлат, рушди соҳаи варзиш ва тандурустии ояндасозони миллатамон заминаҳои дилхоҳ эҷод намояд.

Ин аст, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи омма ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳр шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, алҳол дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 7 варзишгоҳ, 181 майдончаҳои варзишӣ, 67 толори варзишӣ, 3 ҳавзҳои шиноварӣ, 37 иншооти махсуси варзишӣ ва 1 маркази варзишӣ ва солимгардонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Илова бар ин, дар шаҳр 6 мактабҳои варзишӣ бо теъдоди 132 нафар мураббӣ аз рўи 29 намуди варзиш ба 4090 нафар варзишгарон машқу тамрин дода истодаанд, ки аз ин шумора 421 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳамаи ин ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи варзиш буд, ки варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои бонуфузи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рўи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, каратэ – до, таэквандо, варзиши сабук, гўштини тарзи озод, дзюдо, гўштини миллӣ, самбо, камарбандӣ, бокс, чавгонбозӣ, шашкаю шоҳмот, шиноварӣ, қаиқронӣ, тенниси рўи миз ва ғайраҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маҳаллаҳо ва назди ташкилоту муассисаҳо боз бунёди даҳҳо адад иншооти гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шуда, алҳол дар қисмати зиёди онҳо корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.

Боварӣ дорем, ки варзишгарони шаҳр минбаъд низ дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои дохилию ҷаҳонӣ иштирок намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафи варзиш ва тамаддуни миллати тоҷикро боз ҳам маъруфият мебахшанд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар Шумо варзишгарони арҷмандро бо Рўзи варзишгарон табрику муборакбод намуда, бароятон саодати рўзгор, музаффариятҳои нав ба нав дар арсаи варзиш ва сазовор гардидан ба натиҷаҳои баланди варзиширо таманно менамоям.

Саломату сарбаланд бошед, варзишгарони азиз!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд