(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ниҳоят хавфнок, аз он ҷумла, сӯхтанӣ, сил, брутселлёз, ҳорӣ ва табби хунин бо назардошти мавсими гармо, ки сабаби эҳтимолии авҷгирии ин бемориҳо мебошад ва ҳамзамон дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон аз тамоми шаҳрвандон даъват намудааст, ки эҳтиёткор бошанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо пахши баёния аз шаҳрвандон талаб намудааст, ки забҳи чорво танҳо дар ҷойҳои муқарраршуда, пас аз муоинаи духтури байторӣ гузаронида шавад.

Таъкид гардидааст, ки бо мақсади беҳдошти сиҳатии омма дар ҳавлиҳо забҳи чорво манъ аст. Дар вақти харидории гӯшт, ба маълумотномаи мӯҳрзадаи духтури байторӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Ҳамчунин талаб карда шудааст, ки ҳангоми мушоҳидаи захм дар дастон ва пой, ҳарорати баланд, бемадорӣ, пайдоиши хунравӣ ҳатман ба духтури сироятшинос муроҷиат намоянд.

Дар сурати ба миён омадани зарурат ба телефони боварии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд (83422) 55450 занг занед.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд