(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар арафи Иди матбуот 22 нафар журналистон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудандДар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, бузургдошти шахсиятҳои барҷаста, эҳё ва таҷлили санаҳои таърихӣ, эътибор ва эҳтироми суннатҳои қадима, эътироф ва муаррифии расму оинҳои миллӣ дар ҷомеаи демократии мо ба ҳукми анъана даромадааст. Таҷлили “рӯзи матбуоти тоҷик”, маҳсули ҳамин гуна сиёсат маҳсуб мешавад.

Бо мақсади татбиқи ин сиёсат имрӯз дар маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд барои 22 нафар журналистони воситаи ахбори оммаи вилояти Суғд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим карда дода шуд.

Дар маросими он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд. Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев ҳозиронро бо лоиҳаи нақшаи маҳаллаи мазкур ошно намуд.

Дар арафи Иди матбуот 22 нафар журналистон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудандРаиси вилоят дар назди иштирокдорон ва журналистони ҷамъомада сухан намуда, аҳли қаламро бо Иди матбуоти тоҷик табрик намуд. Дар баромади худ Абдураҳмон Қодирӣ қайд намуд,ки имрӯз барои ҳалли масалаҳои муҳими ҷомеъа саҳми журналистон назаррас аст. Раиси вилояти Суғд доири кам даст задани журналистон ба маводи таҳлилӣ, пешниҳоди мавзӯҳои ҳалталаб изҳори нигаронӣ намуд. Ҳамчунин доири бунёди хонаҳои хушсифат, замонавӣ таъкид намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки маҳаллаи навбунёди журналистон минбаъд ба яке аз мавзеҳои ободу сарсабзи маркази вилоят хоҳад буд. Ба ҳамаи соҳиби манзилшудагон сертификати замин ва лоиҳаҳои манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби идораҳои Сарраёсати истифодабарии замин ва идораи шаҳрсозию меъмории шаҳри Хуҷанд ройгон дода мешавад.

Баъдан журналистон тариқи қуръакашӣ макони ҷойгиршавии қитъаҳои замини худро муқаррар намуданд.

Журналист ва нависанда Дадохони Эгамзод аз ҷониби журналистони соҳиби қитъаи замингашта изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки кормандони васоити ахбори омма баҳри пешрафти диёр ва ободии ватан ҳамеша саҳмгир хоҳанд буд.