(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода муовини директори генералии ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой Ву Чут Хуро ба ҳузур пазируфт ва ҷонибҳо дурнамои ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.

Маъруф Муҳаммадзода зимни мулоқот таъкид дошт, ки Хуҷанд шаҳри саноатӣ буда, маҷмуъи маҳсулоти солонаи саноатӣ беш аз як миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар давраи татбиқи ҳадафи чоруми Стратегии миллӣ, саноатикунонии кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тавсеаи нуфузи шаҳр ҳамчун минтақаи саноатии вилоят ва таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт, ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсолоти воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори содиротӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст.

Шаҳрдор гуфт, ки дар ин давра номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 11 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои муштаракул-манофеъ содирот карда шудааст. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 35,2 фоизашон 57 намуд молҳои воридотивазкунанда ба маблағи 150,4 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст.

Ву Чут Ху, муовини директори генералии ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой гуфт, ки ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой бисёрсоҳа буда, ҳанӯз моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Истиқлол корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой, ки бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст. Иқтидори лоиҳавии Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб буда, дар он 600 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он, ин шумора афзоиш хоҳад ёфт.

Ву Чут Ху таъкид дошт, ки ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой ҳавасмандии хешро ҷиҳати тайёр намудани мутахасисони варзида барои ширкат дар заминаи литсейҳои техникӣ ва политехникии шаҳри Хуҷанд изҳор дошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар шаҳр омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №31, литсейи касбӣ-политехникии №44, литсейи касбӣ-техникии №56 ва коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд амал мекунад, ки барои соҳаҳои хоҷагии халқ мутахасисони касбу кори гуногунро тайёр мекунанд. Дар сурати мувофиқ омодани ихтисосҳои тайёршаванда бо ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой онҳо омода ҳастанд, ки мутахасисонро тарбия намоянд. Гузашта аз ин имкон дорад, ки бо ифтитоҳи ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи ширкат ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ метавон монд.

Ву Чут Ху, муовини директори генералии ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой изҳор дошт, ки ширкат метавонад баҳри идомаи идомаи таҳсили муҳассилин дар донишгоҳҳои олии Чин мусоидат намояд. Ҳамзамон бо ҷалби омӯзгорони варзида аз Чин дар литсейҳои номбурда мутахассисонро таълим диҳанд.

Тарафҳо ҳавасмандии хешро дар ҳамкории мутақобилаи судманд дар ояндаи наздик изҳор доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд