(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вохӯрӣ намуда, бо аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканд суҳбати озоду ошкоро доир карданд.

Сарони ду давлати ҳамсоя-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбековро дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сокинони деҳоти Ворух ва Оқсой гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков зимни суҳбат бо аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканд доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон табодули афкори судманд ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки солиёни зиёд ин ду миллат дар марзи муштарак кору зиндагӣ дошта, дар беҳбудии зиндагии ҳамдигарӣ нақши назаррас доранд ва бояд минбаъд низ дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ дар деҳоти наздимарзӣ кору зиндагӣ намоянд.

Сарони давлатҳо дар ҳузури аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканд, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадии ду ҷонибро намуда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки асосан дар марз зиндагӣ мекунанд, даъват ба амал оварданд, ки ба иғво дода нашаванд ва ҳамеша муносибати дӯстонаро ҳифз намоянд.

Гуфта шуд, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани иғвоангезиҳо мақомоти давлатӣ, фаъолон, аҳли зиё ва масъулони ниҳодҳои дахлдори ҳарду ҷониб ҳамкории густурда дошта бошанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ бештар ба роҳ монанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков таъкид карданд, ки масъалаҳои барасмиятдарории ҳуқуқии хати сарҳади давлатӣ дар муносибатҳои байнидавлатиамон муҳимтарин ба шумор мераванд ва мо майли қатъии худро дар самти идома додани корҳо дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ тасдиқ намудаем.

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчунин доир ба талошҳои муштараки минбаъда дар самти татбиқи амалии иқтидори бузурги созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳамҷавории нек ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат фаъолону собиқадорони деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон барои мусоидат ба ҳали масъалаҳо ва робитаҳои хуби ҳамсоядорӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд