(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти шашмоҳаи маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ карда шуд.

Фирӯза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иштироки прокурори шаҳр, сардори маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд, сардухтурони беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, масъулини идораҳои марбутаи хоҷагию манзилӣ, хадамоти оташнишонӣ, кумитаи идораи замин, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, КВДК «Хуҷандобуканал», КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ», маркази таъминоти бехатарии озукаворӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда истодааст.

Сипас, сардори маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Султон Раҳмонзода доир ба фаъолияти нимсолаи аввали марказ маълумот дода аз ҷумла афзуд, ки «Аз ҷониби кормандони марказ дар ин давра 2146 иншооту муассисаҳои зериназоратӣ 693 ададашон ба муоина фаро гирифта шуданд. Бо усулҳои лабораторӣ бошад 186 иншооти хусусӣ ва 76 иншооти давлатӣ аз муоина гузаронида шуданд.

Зимни санҷиш дар асоси камбудиҳои ҷойдошта нисбати 544 нафар кормандони муассисаҳо ба маблағи 65 335 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуда, ба фоидаи буҷа ситонида шуданд. Дар ин давра 19 қарори маҳви нобудсозии маҳсулоти шубҳанок дар ҳаҷми 18 тоннаю 145 килою ба маблағи 278 538 сомонӣ ба тавсиб расида, маҳсулотҳо нобуд карда шуданд. Хушбахтона давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр ҳодисаи гирифтор шудани бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона 165 адад кам ва бемориҳои ниҳоят хавфнок умуман ба қайд гирифта нашудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷараёни тоза касб намуда, силсилаи корҳои созандагӣ ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои аз таъмири хушсифат барвардани ташхисгоҳи марказ 100 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки корҳо дар ин самт бомаром идома дорад.

Дар ҷараёни баррасии фаъолият ва ҷой доштани камбудиҳо соҳа прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назаррзода таваҷҷуҳи кормандони беҳдошти санитарию эпидемологии шаҳр ва дигар масъулини соҳаро ба вазъи санитарии бозору нуқтаҳои савдо, сифати молу маҳсулоти ба фурӯшгузошташуда, ҳолати санитарии кошонаҳои ҳусн, риояи талаботи санитарию гигиенӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои ба воситаи хунгузаранда, аз муоинаи ҳатмии пешакӣ гузаронидани кормандони нуқтаҳои савдо, ошхонаҳо ва корхонаҳои саноати хӯрока, боздоштани фаъолияти иншооти ба талабот санитарӣ ҷавобгӯйнабуда, пурзӯр намудани назорати қатъии фурӯши маҳсулотҳои зуднобушаванда барои пешгирии заҳролудшавӣ ва сироятёбӣ, назорати иншооти таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва ғайраҳо ҷалб намуда, аз роҳбарияти маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва сохторҳои ҳамоҳангсози соҳа талаб намуд, ки ба масъалаҳои мазкур бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накунанд. Ва чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Баҳри ҷоннок намудани фаъолият ва ҳалли муаммоҳои ҷойдошта аз ҷониби сардори маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Умед Нуруллозода масъулин вазифагузорӣ карда шуданд.

Бо муайян намудани самтҳои фаъолияти минбаъдаи маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд