(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шўрои ҷамъиятӣ Маъруф Муҳаммадзода бо риояи муқаррароти он ҷаласаро оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар нишасти имрӯза се мавзуъи муҳими рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Нахуст оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017-2020» Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Имрўз дарки нодурусти озодӣ, демократия боиси он гардид, ки баъзе гурўҳҳои ҷомеа, алалхусус баъзе ҷавонон аз паи ҳавою ҳавас ва лаззатҳои моддӣ ба амалҳои ношоиста, ба ҷиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд. Мутаассифона дар ҷомеаи мо чунин зуҳуроти номатлуб экстремизм, терроризм ва дигар равияҳоро мушоҳида кардан мумкин аст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тарбияи маънавии мардум ва густариши корҳои тарғиботӣ, шинос намудани сокинон бо сиёсати дохилӣ ва берунии давлат, дастовардҳои солҳои истиқлолият, таърих ва анъанаҳои ниёгон тибқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 15 марти соли 2008, №128 «Дар бораи гузаронидани Рўзи ягонаи ахбор» дар маҳаллаҳо, қитъаҳои истифодабарии манзил, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр давоми соли 2019 6 маротиба Рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Рўзҳои ягонаи ахбор аз мавзўҳои “Паёми Пешвои миллат–ифодагари ормонҳои сокинони кишвар”, “Ҳифзи Ватан–қарзи шаҳрвандии мост”, “Тоҷикистон ватани Наврўз аст”, “Рушди деҳот–омили муҳими пешравии ҷомеа”, “Ҷавонон–насли ояндасози Тоҷикистон”, “Ваҳдат–сарчашмаи сулҳу суботи кишвар” фарогир буда, аз тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеа даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, барои пешрафту тараққиёти Ватани азизамон саҳми босазои худро гузоранд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади ошкор ва пешгирии таҳдиду хатари терроризм ва экстремизми сиёсиву динӣ, таъмини кафолати бехатарии аҳолии кишвар, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷалби масъулини Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар самти пешгирии тақлид ба урфу одатҳои бегона, пўшидани либосҳои ғайримиллӣ, инчунин намуди зоҳирии онҳо бо ҳамкории аҳли ҷамоатчигӣ дар маҳаллаҳои шаҳр, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр зиёда аз 30 маротиба амалиётҳои муштараки фарҳанги либоспўшии миллӣ ва маданияти шаҳрдорӣ гузаронида шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доир ба масъалаи мазкур андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид карда истодааст. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз чунин гурўҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўсту озодихоҳ мебошад.

Экстремизм ба маънои томаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравӣ, аз ҳад гузаштан аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба назар расад. Боиси тазаккур аст, ки имрўзҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якҷоя бо сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гуна зуҳуроти номатлуб корҳои босамар амалӣ шуда истодааст.

Сипас, аъзои Шӯро масоили марбут ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 Дар бораи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

Таъкид шуд, ки дар шароити ҳассоси иқтисодию молиявӣ ва ҷаҳонишавии кишварҳо имрўз ба мо зарур аст, ки ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пурзўр намудани иқтидори содиротии кишвар, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерўи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

Вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардид, ки бо тақозои рушди ҷомеа қонуни мазкур қабул гардида, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Қонуни мазкур бешубҳа барои танзими ҳаёти фарҳангии ҷомеаи навини тоҷикон заминаи воқеӣ фароҳам оварда, баҳри баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум мусоидат намуд.

Зимни баррасии масоили Шӯрои ҷамъиятии шаҳр раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, котиби аввали ҳизби комунистони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мубин Маҳмудов ва дигарон баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шўрои ҷамъиятӣ Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузорӣ ва муайян намудани мавзуъҳои минбаъдаи матраҳшавандаи ин ниҳоди ҷамъиятӣ ба кори он ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд