(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Кулли кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо самимият ва эҳтироми афзун табрик намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, табъи болидаю рўзгори обод ва дар фаъолияти минбаъда ба хотири рушду пешрафти соҳа комёбиҳои тоза таманно мекунам.

Нақши соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисодиёт ва дар ин радиф беҳдошти сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, ободонию зебоии шаҳр басо назаррас буда, сол аз сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ, аз қабили сохтмону таҷдиди роҳҳо ва иншоотҳои он таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Ин аст, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ амалӣ шуда истода, дар доираи ин лоиҳа 100 адад автобусҳо харидорӣ гардида, дар ҳафт хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ фаъолият намуда истодаанд.

Ба ғайр аз ин, дар доираи нақшаи чорабинии шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорö ба муносибати 30-солагии Истиrлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон дар ҳудуди шаҳр корҳои азнавсозии истоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, то имрўз 17 адад истгоҳҳои кўчаҳои протоколии шаҳр пурра бо таври замонавӣ ва бо тамоми шароитҳои муосири хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуда, корҳои азнавсозии истгоҳҳои дигари ҳудуди шаҳр бо маром идома дорад.

Итминони комил дорам, ки кормандони муҳандисию техникӣ, ронандагон, челонгарон ва ҳамаи алоқамандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардошта, дар рушду пешрафти соҳа ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Дар ин рўзи нек ба ҳар яки Шумо кулли алоқамандони соҳа саломатию сарбаландиҳо ва дар меҳнати садоқатмандонаатон муваффақиятҳо хоҳонам. Бигзор рўзгори хурраму босаодат насибатон гардад!

Иди касбиатон муборак, кормандони нақлиёти автомобилӣ!