(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо сокинони шаҳр, ки имсол барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафарбар мегарданд баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола беш аз 6000 нафар шаҳрвандони мамлакат барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафарбар ва дар он ҷо озодона ин фарзияи диниро ба анҷом мерасонанд.

Маъруф Муҳаммадзода аз зоирин даъват ба амал оварда гуфт, ки зимни сафари ҳаҷ расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷикро фаромӯш насозанд, зеро дар Арабистони Саудӣ ба Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик эҳтироми хос доранд. Мо бояд ин эҳтиромро набояд коста гардонем. Зимнан ҳар кадоме аз зоирин баъди бозгашт ба Ватан ба зиёдаравию худнамоишдиҳӣ машғул нагарданд, бештар дар дар тарбияи ҷавонон, ваҳдати мазҳабӣ, пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб саҳмгузор бошанд, зеро шарафёб гаштан ба унвони ҳоҷӣ- ин, пеш аз ҳама, масъулият аст, на мояи ифтихорист. Чунин ашхос агар иқтидор дошта бошанд, дар ободии маҳалли зисташон ва ё шаҳр саҳмгузорӣ намоянд.

Хоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Раиси Шӯрои уламои дини вилоят зимни бароди худ таъкид дошт, ки сафари анҷомдиҳандаи зоирин, сафари тиҷоратӣ ё сайёҳӣ нест, он сафари ибодатӣ аст, ки ба ҳар як инсон дар умри хеш ба он як маротиба мушарраф мегардад.Он бо розигии Парвардигор сурат мегирад. Зоирини ба сафари ҳаҷраванда бояд қабл аз сафар бо нафари қаҳришудааш оштӣ намояд, қарзаш бошад онро соф кунад, вагарна ҳаҷаш қабул нахоҳад шуд. Одобу русуми тоҷикиро дар замони сафар риоят намуд. Одоб аз фурӯдгоҳ оғоз мешавад. Мо бояд босабру таҳаммул ва эҳтироми занону куҳансолон сафарамонро ба анҷом расонем. Овози баланд, бегонапарастӣ, ҷамъоварии ҳаргуна молу ашё ва дигар амалҳои бегона мазмуни сафари ҳаҷро коста мегардонад. Мо бояд ба арзишҳои миллӣ, ватану ватандорӣ эҳтиром гузорем. Дар ҳаққи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ваҳдату ободии диёр дуо намоем. Баъди бозгашт ба Ватан низ тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар амал намоем.

Аз ҷумлаи зоирин, Абдурасул Аброров, собиқадори меҳнат баромад намуда, таъкид дошт, ки сол аз сол ба шарофати сиёсати фарҳанггпарварона ва дурандешонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбаркунӣ ва ташкили шароити хуб ба зоирин беҳтар шуда истодааст. Мо бояд шукрона намоем. Ва босабру таҳаммул ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, амрҳои динӣ ва расму оинҳои миллию динӣ тибқи мазҳаби ҳанафия адо ҳаҷ намоем.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҳаҷи имсола аз шаҳри Хуҷанд 92 нафар зоирин бо роҳбаладии 3 нафар ба Арабистони Саудӣ сафарбар хоҳанд шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд