(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар толори гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони муассисаҳои миёнаи таълимӣ ва таҳсилоти томактабӣ аз фаъолияти шашмоҳаи соҳаи маорифи натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ин давра ҳамаи 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташудаи маҳаллӣ бо барзиёд таъмин гардид.

Нахуст, Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳр доир ба дастоврадҳои соҳаи маориф дар соли таҳсили 2018-2019 иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки дар шаҳр 47 мактаб, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 10 мактаби хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 1 комплекс кўдакистон - мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд. Давоми соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр 40273 нафар хонандагон (19043 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 2509 нафар омўзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2211 нафарашон занҳо мебошанд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимӣ 83 адад компютер, 6 адад принтер, 29 адад проектор ва 20 адад тахтаи электронӣ харидорӣ шуд. То имрўз, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ 71 синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки дар он 1521 компютерҳо, принтерҳо 208 адад, тахтаи электронӣ 131 адад ва проектор 173 адад мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади татбиқи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омўзгорон дар давоми таътили зимистонаи соли 2019 курси даҳрўза барои 693 нафар омўзгорони муассисаҳо ташкил ва гузаронида шуд.

Таъкид гардид, ки дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуда, 18 нафар ҷойи якум, 29 нафар ҷойи дуюм ва 55 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ бошад 23 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 5 нафар ҷойи якум, 11 нафар ҷойи дуюм, 7 нафар ҷойи сеюм ва 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Сипас ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №15, 20, гимназияҳои №4, 24, ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии №25, 31 ва 33 шунида шуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа натиҷаи аттестатсияи №13 ва муассисаи таҳсилоти томактабии №12, натиҷаи аккредитатсияи муассаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 –уми июни соли 2012 “Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” дар муассисаҳои таълимии №3, 10,26, 28 ва дигар масоил мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода фикру андешаҳои хешро доир ба дастовард ва муаммоҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф баён доштанд.

Дар анҷоми ҷаласа ба як қатор роҳбарони муассаҳои таълимӣ, ки соли таҳсилро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст карданд, сипосномаҳои шуъбаи маориф тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд