(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Наздик 20 рӯз мешавад, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлуи чойхонаи Сирдарё ҳусни оғоз бахшида шуда буд.

Ва инак ҳамарӯза сокинон ва меҳмонони шахри бостони Хуҷанд аз субҳи солеҳон то поси шаб дар ин маҷмааи истироҳатӣ машғули оббозию тамрин ва фароғатанд. Бино ба гуфти ҳолдонҳо ҳамарӯза ба ин мавзеъ беш аз 1000 нафар шаҳрвандон омада, истироҳат менамоянд. Маҷмааи фароғатӣ барои пиру ҷавон дастрас буда, дорои хуби инфрасохтори муосир аст.

Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир ки алҳол ҳудуди 300 метрро фаро мегирад, бо назардошти бунёди шиногоҳи нав, майдончаҳои бозии футболу волейбол ва тенис, пайроҳа, истгоҳи нақлиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонии обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин фурсат бунёд карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ба ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ дошта, табобатгирандагони беморхонаи ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва беморхонаи шараёни дил, ки дар ҳамин соҳили дарёи Сир аст, истифодаи самаранок бурда, нисфи зиёди табобати худро дар ин мавзеъ мегузаронанд.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд барои бунёди чунин Маҷмааи бузурги истироҳатию фароғатӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд. Дар ҳамин ҳол кас муносибати бархе аз шаҳрвандонро нисбат ба Маҷмааи истироҳатӣ дида, нороҳат мегардад. Зеро як гуруҳ шаҳрвандон дидаву дониста, партовҳои хешро ба атрофу акнофи он мепартоянд. Ҳол он, ки нуқтаву қуттиҳои махсуси партов вуҷуд дорад. Аз шаҳрвандон даъват ба амал меорем, ки ба чунин амалҳои паст даст назанад ва ба пурфайзу муаттарнамоии ин макони истироҳатӣ ҳиссагузорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин шиногоҳ дар шаҳри Хуҷанд буда, бори аввал дар замони Истиқлолият бо иқдомоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд ва барои шаҳрвандон барои истироҳат шароит муҳайё карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд