(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ғолибони даври шаҳрии “Фуруғи субҳи доноӣ...”-ро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо диплом ва маблағҳои пулӣ тақдим намуд.

Маъруф Муҳаммадзода дар ҳузури ҷоизадорони озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ...” ва аъзои ҳакамот суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 бори аввал роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ мебошад.

Шаҳрдор гуфт, ки озмуни мазкур дар шаҳри Хуҷанд истиқболи гарм пайдо намуд ва дар он зиёда аз 1000 нафар иштироки фаъолона намуданд.

Аъзои ҳакамот нависанда Муқим Воҳид ва директори китобхонаи вилоятии Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов аз фаъол будани иштирокдорони озмун изҳори хушнудӣ намуда, ба сатҳи ташкилӣ ва баргузории он баҳои баланд доданд.

Сипас аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҷоизадорони озмун аз рӯйи 4 номиннатсия бо се ҷойӣ аз 800 сомонӣ то 2000 сомонӣ маблағҳои пулӣ ва дипломҳои озмун тақдим карда шуд.

“Шоҳҷоиза” насиби Сарфарозиддин Иморуддинов - донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид ва бо маблағи пулии 5000 сомонӣ тақдиронида шуд.

Ба аъзои ҳакамот Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва китоби тозанашри нависанда Додохони Эгамзод «Нигина ва Мирмалик» тақдим карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, довталабони озмун аз рӯйи шартҳои: аз ёд хондани осори адибон, асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ ва муосири тоҷик, намунаҳои ашъори бачагона ва афсона, намунаҳои осори адибони ҷаҳон мутолеа ва шарҳи асарҳои насрии адибони муосири тоҷик ва хориҷӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот аз рӯйи номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти классикии тоҷик”: Шодмонбибӣ Шарофова– докторанти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ҷои 1-ум, Шоира Олимова – донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, факултаи филологияи тоҷик мақоми дуюм ва Мижгона Умарзода, хонандаи МТМУ № 7 зинаи сеюмро ба даст оварданд.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти муосири тоҷик” Озодаи Саид – хонандаи МТМУ № 27, ҷои аввал, Аъзамҷон Султонов, хонандаи гимназияи № 4 ҷои дуюм ва Сафияхон Қобилова хонандаи МТМУ № 9 ҷои сеюмро ба даст оварданд.

Аз рӯйи номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” Лайло Қӯзибоева хонандаи МТМУ № 8 мақоми аввал, Абдуаҳад Аҳадов, хонандаи МТМУ № 10 ҷои дуюм ва Муҳамадёсир Баҳодуров хонандаи мактаби хусусии ғайридавлатии “Ирфон” зинаи сеюмро ишғол намуданд.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти классикии ҷаҳон Манижа Воситзода, донишҷӯи факултаи филологияи руси ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Маҳастии Сангин, хонандаи мактаби хусусии ғайридавлатии “Пӯлотов” ва Ҷамшед Қурбонбоев, хонандаи гимназияи “Кавсар” мутаносибан ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд