(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштирокчиёни семинари ҷумҳуриявӣ дар маҳаллаи «Шарқ»Иштирокчиёни семинарии Ҷумҳуриявии «Рушди идоракунии маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи дуюми худро бо шиносоии таҷрибаи кори маҳаллаи «Шарқ»-и шаҳри Хуҷанд бахшиданд. Ҳайати меҳмононро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қабул намуда, онҳоро бо сохтори маҳалла, усули корбарӣ ва кормандони кумитаи маҳаллаи мазкур ошно намуд.

Дар маҳаллаи мазкур шуъбаи кор бо занон, ҷавонон ва собиқадорон ҳамрӯза барои расидагӣ намудан ба мушкилоти мардум, ҳалли масалаҳои муҳими сокинон самти афзалиятноки фаъолияти маҳалла аст.

Меҳмонон доири ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби муроҷиати шаҳрвандон, таҳияи нақшаҳои фаъолият таваҷҷӯҳ намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Иштирокчиёни семинари ҷумҳуриявӣ дар маҳаллаи «Шарқ»Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкаткунандагони ин ҳамоиш, ба хусус раисони маҳаллаи шаҳри Хуҷандро даъват намуд, ки ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаро дар заминаи семинарии мазкур идома диҳанд.

Баъдан иштирокчиёни семинар аз Қасри варзиш, Музеи таърихи-кишваршиносӣ ва дигар мавзеҳои таърихӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва варзишии шаҳри Хуҷандро тамошо намуданд.