(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка ва шоҳмот байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино бахшида ба Рӯзи маъюбон доир гардид.

Мусобиқа дар чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, мақсад аз он дастгирии шахсони маъюб, рушд ва ҷалби маъюбон ба варзиш мебошад.

Мусобиқа байни наврасон, занон ва мардон гузаронида шуда дар он беш аз 30 нафар иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамъбасти муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода иштирокчиёнро бо Рӯзи маъюбон таҳният намуда кайд кард, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки сокинонаш аз азал инсонпарвару мардумдўстанд ва ҳамдигарро ба накўкорӣ даъват менамоянд, парастории маъюбон ва пирони барҷомонда амали муқаррарист. Ин масъала дар сатҳи давлатӣ ҳалли мусбати худро ёфтааст ва онон бо дастгирии моддию маънавии ҳамаҷониба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаро гирифта шудаанд. Инчунин, таваҷҷўҳи доимӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба маъюбон, ҷорӣ кардани имтиёз ва аёдати ин қабил ашхос дар рўзҳои иду айём, аз тадбирҳое маҳсуб меёбанд, ки барои дастгирии моддию маънавӣ равона карда шудааст. Мо ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳем, ки ашхоси ниёзманд, бахусус маъюбон, дарди рўзгорро ҳарчӣ камтар эҳсос кунанд, худро доимо дар паноҳи давлату ҳукумат ва ҷамъият эҳсос намоянд.

Дар охир ғолибон ба ҷоизадорон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд