(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Бо иштироки Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оғози расмии навбати якуми фаъолияти урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» сурат гирифт.

Нахуст Фирӯза Нуруллозода бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи истироҳату фароғати хонандагон, вазъи буду бошт, истироҳат, анвои хӯрока, маконҳои оббозӣ, бозӣ ва гузаронидани чорабиниҳои наврасон шинос гардида, ба роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва масъулини урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» ҷиҳати беҳтар намудани барномаи тарбияиву фароғатии супоришҳои мушаххас дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз»-и Хуҷанд бори аввал бо ҷалби беш аз 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шуда, тамоми роҳравҳои асосии урдугоҳ тасполакпӯш гардида, ҳавзи шиноварӣ ошхона, ҳаммом ва саҳнаи гузаронидани чорабинӣ мавриди азнавсозӣ қарор гирифтанд.

Саҳни урдугоҳ ва роҳҳои асосию канории он пурра бо чароғҳои муосир таҷҳизонида шуда, хобгоҳи бошандагони он бо шароитҳои лозимӣ таъмин карда шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода соли ҷорӣ бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаю созгор ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон аз урдугоҳи «Парвоз» 3 маротиба боздид намуда, ба масъулини сохтмон дастур дода буд, ки ба корҳои таъмиру таҷдид суръат бахшида, баҳри босифат анҷом додани он тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳудуди урдугоҳи «Парвоз» беш аз 5, 6 гектарро ташкил намуда, дар он 4 бинои хобгоҳи умумии истироҳатӣ бо фарогирии беш аз 200 нафар истироҳаткунандагон мавҷуд аст. Дар истироҳатгоҳ дар баробари ошхона, ҳавзи шиноварӣ ҳамзамон амфитеатр, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мавҷуд мебошад.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити хубу созгор барои гузаронидани истироҳату фароғат дар урдугоҳҳои беруназшаҳрӣ ёдоварӣ намуда, аз хонандагон даъват ба амал овард, ки вақтро ғанимат шуморида, бо ҳамдигар риштаҳои дӯстиро мустаҳкам ва хотироти хуб аз ин мавзеъҳо бардошт намоянд.

Барномаи фарогири ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ, ки аз ҷониби кӯдакону наврасон таҳия шуда буд, табъи ҳозиринро болида намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар урдугоҳи мазкур беш аз 200 нафар хонандагони фаъолу боистеъдод ва ятиму камбизоати шаҳр ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд