(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Баҳри амалӣ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим ва яке аз самтҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои №25 ва №26-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии «Офарин» таҳти шиори «Мо кӯдакони хушбахтем» баргузор гардид.

Дар мусобиқаи варзишӣ ду даста, яке бо номи «Донояк»-тарбиятгирандагони кӯдакистони №25 ва дастаи дуюм бо номи «Ҳушёрак»-тарбиятгирандагони кӯдакистони №26 бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Иштирокдорони мусобиқа аз рӯйи шартҳои давидан аз байни монеаҳо дар шакли морпеч, ҷаҳиш аз ҳалқа бар ҳалқа, ҳалқача нишон гирифтан, болои тӯпи калон нишаста, ҷастан, ҳалқаҳоро аз болои худ гузаронидан, бо дучарха аз байни монеаҳо гузаштан, бозии «Паррандаҳо дар лона» ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд ва завқи кӯдакона иҷро намуданд.

Дар натиҷаи қувваозмоӣ дар мусобиқаи Офарин қувваи дастаҳои «Ҳушёрак» бар «Донояк» бо ҳам мувофиқ омада, онро мусовӣ намуданд. Ба ғолибон ва иштирокдорони мусобиқа туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ҷараёни мусобиқаи варзишии «Офарин»-ро намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Нозимова ва маъмурияту мураббиёни кӯдакистонҳои №25 ва №26 мушоҳида намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд