(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз бахшида ба Ҷашни Ваҳдати миллӣ, 23-июн- Рӯзи олимпичиён ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо иқдоми бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 400 нафар наврасону ҷавонон ва варзишгарон машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд.

Ин чорабинии тавонбахшӣ дар майдонҳои варзишии шаҳр ва саҳни Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ сурат гирифт, ки дар он беш аз 70 нафар духтарон ширкат варзиданд.

Ташкили чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки мардум, бахусус наврасону ҷавонон ба он ҷалбу саргарм гардида, он баҳри солимии рӯҳу тани эшон мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд