(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имруз шаш гуруҳи Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» ба шаҳри Хуҷанд ворид шуданд.

Меҳмонон тибқи барномаи Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» дар конфронси умумиҷумҳуриявии «Бузургии занон дар Ваҳдат аст» дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Дар конфронс намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбобони намоёни ҷамъиятию сиёсӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, фаъолзанон, адибону ҳунармандон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшид. Ӯ қайд кард, ки тӯли се рӯз аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корвони “Модарони ваҳдатсаро” дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд қарор дорад. Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ганҷи бебаҳоест, ки тавассути ҷонбозиҳои ҳазорҳо нафар фидоиёни сулҳхоҳу сулҳпарвар ба даст омадааст. Назира Ғаффорӣ ҳамзамон меҳмонони конфронсро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфт.

- Соли чорум аст, ки чорабинии Корвони “Модарони ваҳдатсаро” бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои бонуфуз доир мегардад, - қайд кард муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш доир гардидани чорабинии мазкур бори дигар собит месозад, ки бо ҳам омадани занону бонувон баҳри ободӣ, таҳкурсии мустаҳкам барои ояндаи боз ҳам дурахшони сарзамини биҳиштосо мебошад.

Сипас, муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Раъно Бобоҷониён кулли иштирокдорони конфронсро бахшида ба ҷашни бузурги таърихӣ – Рӯзи Ваҳдат, ки рӯи тавҳид, бо ҳам омадани модарони сулҳхоҳу дӯстпарвар аст, муборакбод намуд.

Дар конфронс ҳамчунин муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, арбоби намоёни ҷамъиятю сиёсӣ, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз, собиқ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова, ​ Шоири халқии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳтамзода Шаҳрия, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, ​ раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, ​ собиқадори меҳнат, ҳунарманди шинохта Мукаррама Қаюмова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигора Ғаффорзода ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шаҳноза Қурбонзода суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд.

Ҳамзамон меҳмонон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии Зулфия Баҳриддинова, Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҷмааи истироҳатии «Роҳи танобӣ» ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии Истиқлол” боздид намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд