(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар кӯдакистони хусусии «Дилоро» мусобиқаи варзишии «Офарин» байни тарбиятгирандагони ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва кӯдакистони №36 баргузор гардид.

Дастаи МТТ № 36 бо номи «Ганҷина» ва тими кӯдакистони хусусии Дилоро бо номи «Дилоро» аз рӯи 6 шарти озмун байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Аз ҳар даста 12 нафарӣ иштирок доштанд.

Иштирокдорони мусобиқа аз рӯйи шартҳои давидан аз байни монеаҳо дар шакли морпеч, ҷаҳиш аз ҳалқа бар ҳалқа, ҳалқача нишон гирифтан, болои тӯпи калон нишаста, ҷастан, ҳалқаҳоро аз болои худ гузаронидан, об рехтан ба зарфҳо ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд ва завқи кӯдакона иҷро намуданд.

Дар натиҷаи қувваозмоӣ ва рақобати солим байни тарбиятгирандагон ғолибият насиби дастаи «Ганҷина» гардид.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева мусобиқаро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки тибқи нақшаи кори шуъбаи маориф бо мақсади амалӣ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим ва яке аз самтҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тамоми тарбиятгирандагони ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии «Офарин» таҳти шиори «Мо кӯдакони хушбахтем» баргузор гардида истодааст. Ин ҳама ба тарбияи маънавӣ, ҷисмонӣ ва маҷмуъан камолоти хурдсолон мусоидат хоҳад намуд.

Ба иштирокчиён ва ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ, медалҳо, сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд