(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

alt Хуҷанд, ин шаҳри офтобӣ, шаҳре дар канори об, шаҳри пур аз фасона, пур аз гулу тарона… Хуҷанд, ин шаҳри афсонаҳову ҳақиқатҳо, орзуҳову амалҳо, зебоиҳову дилбариҳо… Хуҷанд ин боғшаҳрест, ки бо биноҳои мунаққаш, гулгаштҳои зебо ва майдонҳои обод дилҳо мерабояд, назарҳоро нур мебахшад ва дар хотираҳо нақш мебандад. Бешубҳа, ҳар сокини шаҳр ифтихор аз он дорад, ки дар канори оби мусаффои Сир ва доманакӯҳи Мевағул ба воя расидаасту камол меёбад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамарӯза ба масъулини дахлдор ҷиҳати тозаву ороста намудани шаҳр дастурҳо медиҳад ва таъкид месозад, ки "Имрӯз, ки ҳар як шаҳрванди кишвар барои бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммату меҳнатро мустаҳкам бастааст, месазад мо низ баҳри ободониву созандагиҳо ва бунёдкориҳо иқдомҳои наву тоза намоем".

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо иқдомоти роҳбарияти шаҳр дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр имрӯз 87000 адад гули ороишӣ, 27610 адад гули маҳаллӣ ва 7670 адад буттагули садбарг шукуфтаву бо чеҳраи хандон ҳусни шаҳрро афзун месозанд. Кормандони КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва корхонаю муассисаҳои зертобеъ обёрии гулзорҳо ва дарахтони ҳамешасабз, аз алафҳои худрӯй тоза намудани майдонҳо, даравидани алафҳои ҳамешасабзро вазифаи ҷонии худ медонанд.

КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳр обёрӣ намудани гулзор, тоза намудани онҳо аз алафҳои бегона, аз он ҷумла заминҳои гулзори кӯчаҳои С.Умаров ва 30-солагии Ғалаба, ба тартибдарории дарахтон дар кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, М.Танбӯрӣ, Фирдавсӣ ва Сирдарё, пикировка кардани гулҳои мавсимии ороишии ҳоландӣ ба қуттичаҳои полиэтиленӣ ва нигоҳубини онҳо, тоза намудани замини дарахтони ҳамешасабзи сояафкан аз алафҳои бегона ва баровардани онҳоро ба иҷро мерасонад.

Тозагии кӯчаҳои шаҳр аз рӯбандагони қитъаи ободонӣ вобастагии калон дорад, бинобар ин, онҳо ҳамарӯза мавзеъҳои вобасташудаашонро рӯбучин намуда, шаҳрро аз ифлосиву ғубор пок месозанд. Шаҳри Хуҷанд диққати хориҷиёнро бо дарёи Сираш ба худ ҷалб месозад, ҳамчунин, дар шомгоҳон сокинони шаҳр барои сайругашти бегоҳӣ ба канори Сирдарё меоянд ва аз боду ҳавои тоза машомашонро хуш месозанд. Бинобар ин, кормандони қитъаи ободонӣ панҷараҳои соҳили чапи дарёи Сирро рангубор карда, хотири меҳмонон ва шаҳрвандонро болида месозанд.

Фаввораҳо… имрӯз дар ҳар гӯшаву канори шаҳр фаввораҳо мавҷ мезананд ва ҳар яке аз онҳо тарзу усули хоса дорад, ба таври гуногун сохта, оро ёфтааст. Ба тозагӣ ва кори босуботи онҳо қитъаи «Фаввораҳо» масъул мебошад. Кормандони он ҳавзҳои фаввораҳо, қубурҳои он ва чароғакҳои ороишии фаввораҳоро тоза мекунанд.

Ҳамчунин, то ин фурсат аз нав бо об пур кардани фаввораи панҷсилсилаи Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, тоза кардани ҳавзҳои чор адад фаввораи доирашакли маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, таъмири ҷории насоси фаввораи ҳавзи нимдавраи маҷмааи фаввораи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, тоза кардани ҳавзи майдони Регистони Панҷшанбе ва бо об пур кардани он, тоза кардани ҳавзи фаввораи назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва бо равғани молиданӣ таъмин кардани насос ва муҳаррики он, гузаронидани таъмири ҷории насоси пойгоҳи обкашии боғи Ғалаба, гузаронидани оби полезӣ ба хиёбони Раҳим Ҷалил дар буриши кӯчаи Д.Ҷабборов ба иҷро расониданд.

Аз тарафи КД «Истифодабарии манзил»-и соҳили чап ва рости шаҳр корҳои тоза намудани гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, қади роҳи протоколӣ ва роҳи дохили маҳаллаҳо, нуқтаҳои партов ва ҷӯйборҳо, сари вақт бартараф намудани садамаҳои обу ташноб ва барқ ба иҷро расонида шуд. Инчунин, кормандони корхона 36 метр қубури ташнобро иваз намуданд, намои 2 бино, 193 метри мураббаъ боми хонаҳо, 3 даромадгоҳро таъмир карданд, 70 метр ҷӯйбор ва 4 таҳхонаро тоза намуданд, оинабандии 4 метри мураббаъро ба иҷро расониданд.

Корхонаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳр низ бекор нест, зеро роҳ воситаи асосии равуои шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт мебошад. Кормандон ҳамарӯза ҷӯйборҳо ва қубурҳои обгузари кӯчаҳои шаҳрро аз назар гузаронида, то имрӯз ба миқдори 10 метри мукааб ҷӯйборро аз партов тоза намуданд, роҳи кӯчаи Чайковский ва даромади обутобгоҳи навро ба андозаи 18 метри мукааб бо шағали кӯҳӣ ҳамвор карда, мумқирҳои фарсӯдаи кӯчаҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Чайковский ва хиёбони Исмоили Сомониро бароварданд. Бо истифода аз механизму техникаҳои махсус барои мумфаршкунии кулли кӯчаи Чайковскийи маҳаллаи 1-Май тагҷо тайёр намуда, 164 тонна асфалтобетони гарм хобониданд. Барои таъмиру барқарорсозии бетонҳои ҷӯйбор ва хобонидани қубурҳои обгузар дар кӯчаи Абулқосим Фирдавсӣ масъулият нишон дода, пастхамиҳои роҳи ин кӯчаро бо истифода аз шағали кӯҳӣ ҳамвор намуданд.

Аз тарафи қитъаи «Чароғонкунӣ» нисбат ба нигаҳдорӣ, ивазкунӣ, барқарорсозӣ ва хизматрасонии чароғҳои кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр корбарӣ намуда, ба миқдори 510 метр ноқилу симҳои барқӣ, 183 дона лампа, фурӯзонак, чароғак ва равшанкунак иваз ва насбу васл шуд. Ногуфта намонад, ки дар натиҷаи истифодаи ҳаррӯза асбобҳои барқӣ месӯзанд ва корношоям мешаванд, кормандони масъулиятшиноси ин қитъа дарҳол аз он огоҳ шуда, чароғакҳои ороишӣ ва равшанкунакҳои светодиодии корношоямро иваз мекунанд.

Бале, ҳар як ниҳод барои сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллат – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасу шоистаро анҷом медиҳад. Кормандони КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хуҷанд ҳам бо сарварии шахси кордону соҳибтаҷриба Даврон Шокиров дар ин ҷода пешсафанд. Онҳо новобаста аз гармиву сардиҳо, номусоидатии обу ҳаво ва дигар ташвишҳо кори худро ба анҷом мерасонанд ва шаҳрро дар ҳолати зебову назаррабо нигоҳ медоранд.

Хуҷандшаҳри офтобиву нуронӣ дар ҳамаи фаслҳои сол гулзору сарсабз аст, фаввораҳояш амвоҷ мезананд ва кӯчаҳояш тозаву озодаанд. Бошад, ки сокинони шаҳр ҳам дар такя бо ин гуна зебоиву ободӣ ва покизагиву дилнишинӣ масъулияти шаҳрдориро бештар эҳсос намуда, саҳми арзанди худро дар ободкориҳо гузоранд, боғшаҳри афсонавии худро тозаву озода нигоҳ доранд.

Мавзуна Ваҳҳобова
«Тирози ҷаҳон»