(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2019» ба тавсиб расид, ки он аз 40 грант иборат буда, беш аз 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ин тадбир дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2019, № 215 «Дар бораи таъсис ва ҷудо, намудани грантҳои Раиси вилоят бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эъҷодкор бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат мегирад.

Бояд зикр намуд, ки 40 гранти Раиси шаҳри Хуҷанд барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор таъсис дода шавад, аз ҷумла: -5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ; 10 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 ( се ҳазор) сомонӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 маблағи грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамагӣ 65 ҳазор сомониро ташкил медод, соли 2018 беш аз 100 (сад) ҳазор сомонӣ афзуда, ба 160 000 сомонӣ расида буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд