(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзўи: «Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Рауф Олимӣ оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар чорабинии имрӯза меҳмонони гиромиқадр, олимону донишмандони маъруфи соҳаи иқтисод аз донишгоҳҳои олии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Булғория ва мактабҳои олии Тоҷикистон ҳузур доранд. Ҳадафи асосии конфронс баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, дарёфти роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар саноатикунонии кишвар ва паҳн намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад. Конфронс аз рӯи 7 бахш идома ёфта, олимони соҳа фикру мулоҳизаҳои хешро пешниҳод менамоянд ва маҷмуаи мақолаҳои пешниҳодгардида дар шакли китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳузури иштирокчиёни конфронс расонида, перомуни рушди иқтисодии кишвар фикрҳои ҷолиб баён намуд.

Сипас маърӯзаи пурмуҳтавои директори Ассосиатсияи байналмилалии тиҷорат ва технология дар рушди тиҷорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х. Ларина шунида шуда, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар идомаи конфронс маърӯзаҳои муовини директори Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” М. Мирзоён, сардори департаменти маркетинг ва рушди Бонки “Эсхата” Ф. Исматуллоев, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ С. Мухторов, мудири кафедраи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи байналмилалии ДДҲБСТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Б. Самадов, мудири кафедраи молия ва қарзи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои иқтисод С. Мамадов, муовини Раиси Ассосисатсияи миллии соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Сангин шунида, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявии “Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” дар бахшҳо идома ёфта, дар он аз тарафи устодони варзидаи соҳаи иќтисод зиёда аз 170 маърўза пешниҳод ва муҳокима гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар баргузории конфронси байналмилалӣ саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” хеле назаррас мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд