(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТМУ№5-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумӣ баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.

17 нафар ғолибон, соҳибони шоҳҷоизаҳои макотиби шаҳр дар озмуни ниҳоии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумӣ дониши хешро дар назди доварон санҷиданд.

Довталабони озмун аз рӯйи шартҳои: аз ёд хондани осори адибон, асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ ва муосири тоҷик барои хондан,намунаҳои ашъори бачагона ва афсона, намунаҳои осори адибони ҷаҳон мутолеа ва шарҳи асарҳои насрии адибони муосири тоҷик ва хориҷӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот Шоҳҷоиза – насиби Фирӯза Шарипова, хонандаи синфи 10-и МТМУ №10, ҷойҳои якумро: Насиба Ҳамробоева, хонандаи синфи 10-и мактаби хусусии «Рустамов» (дар номенатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик) Рухсораи Ҷавоҳир, хонандаи синфи 7-и литсейи №1 (дар номенатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик) Мижгона Зарипова, хонандаи синфи 6-и мактаби хусусии «Файз» (дар номенатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик), Нигина Мамадҷонова, хонандаи синфи 9-и Гимназияи «Гёте», (дар номенатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон), мақоми дуюмро Мижгона Умарзода, хонандаи синфи 9-и МТМУ №7 (дар номенатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик), Маҳлиё Нарзуллоева, хонандаи синфи 11-и МТМУ №9 ( дар номенатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик), Зафари Муҳаммадсалим, хонандаи синфи 4-и МТМУ №18 (дар номенатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик), Маҳастии Сангин, хонандаи синфи 10-и мактаби хусусии «Пӯлотов», (дар номенатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон), зинаи сеюмро Шоҳинҷон Асроров, хонандаи синфи 9-и гимназияи №4 (дар номенатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик), Қосимов Қосимҷон, хонандаи синфи 7-и МТМУ №18 (дар номенатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик), Мафтуна Норматова, хонандаи синфи 8-и МТМУ №17 (дар номенатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик, Маҳастии Иброҳимзода, хонанди синфи 9-и МТМУҒ «Мактаби Ирфон» ( дар номенатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон) ба даст оварданд.

Барои иштироки фаъолона хонандагони зерин: Муҳаммадамин Аюбов, хонандаи синфи 10-и МТМУ №12, Абдуазиз Зоидов, хонандаи синфи 9-и МТМУ №9, Шарифҷон Ҳасанов, хонандаи синфи 10-и гимназияи №24, Манижа Ҳикматуллозода, хонандаи синфи 9-и МТМУ №23, Аниса Бобокалонова, хонандаи синфи 10-и МТМУ №28, Алишер Ҷобиров, хонандаи синфи 10-и литсейи ДДҲБСТ, Ҷаҳонгир Раупов, хонандаи синфи 10-и МТМУ №16, ва Рухшона Ҳошимова, хонандаи синфи 10-и мактаби хусусии «Паймон» бо Сипосномаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо маблағи пулии шуъбаи маориф сарфароз гардонида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» маҷмуаъан аз макотиби шаҳри Хуҷанд беш аз 600 нафар фаъолона иштирок намуда, беш аз 50 нафар барандагони шоҳҷоизаҳои мактабӣ дар даври дуюм бо дигар ғолибони макотиби шаҳр қувваозмоӣ намуданд.

Қобили қайд аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар бори аввал дар соли 2019 роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар мебошад.

Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар шаҳри Хуҷанд баргузор ва ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат хоҳанд гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд