(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Мастчоҳ, Истиқлол дар шаҳраки Сайҳун тақсимоти навбатии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои эҳтиёҷмандони шаҳру навоҳии номбурда баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ аз ҷумла таъкид дошт, ки беҳтар намудани шароити зисти мардум ва таъмини зиндагии шоиста аз сиёсатҳои муҳими раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, баҳри иҷроиши супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №13/5-17, аз санаи 15 майи соли 2009 оид ба ҳар як оила ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо комиссияҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои марбута, тибқи қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» барои ба гуруҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010, №603 тасдиқ шудааст, то ба имрӯз наздик 90 ҳазор оилаҳо бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудаанд. Аз ин 6 000 оилаҳо аз шаҳраки Сайҳун соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд, ки аллайкай қисме аз онҳо ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ оғоз намудаанд. Гузашта аз ин дар шаҳраки Сайҳун 601 гектар боғ бунёд гардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар 5 солаи наздик бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ ба инфрасохтори шаҳраки Сайҳун таҳким бахшида мешавад, ва дар ин замина роҳҳои нав мумфарш ва хатти обу барқ гузаронида мешаванд.

Сипас тибқи қуръапартоӣ беш аз 400 нафар шаҳрвандони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Айнӣ, ва Истиқлол соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гардиданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки аз шаҳри Хуҷанд 127 оилаҳои эҳтиёҷманд аз ин мавзеъ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гирифтанд.

Интизор меравад, ки санаи 4-уми июни соли равон боз 430 нафар эҳтиёҷмандони шаҳру навоҳии вилоят аз шаҳри Сайҳун соҳиби замини наздиҳавлигӣ мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд