(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТМУ№2-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни шаҳрии «Хонандаи соли 2019» ҷамъбаст карда шуд. 

Дар ин даври озмун 11 довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, аз рӯйи 5 шарти озмун: сатҳи донишомӯзӣ, муаррифинома, саволҳои сиёсӣ, маҳорати сухандонӣ ва истеъдод бо ҳам дар рақобат шуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамоти озмун шоҳҷоиза насиби Маҳастии Сангин, толибаи мактаби Пӯлотов гардида, мақоми аввалро Динара Ачилова, хонандаи гимназияи №4, ҷойи дуюм ва ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин»-ро муҳассили гимназияи №24 Фархунда Равшанзода, ду ҷойи дуюми дигарро Зебо Фурқатзода, толибаи литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Тахмина Холиқова хонандаи гимназияи Гёте соҳиб шуданд.

Муҳайё Алиева, толибаи МТМУ №2 ва Нилуфар Рустамзода муҳассили мактаби Рустамов ба мақомҳои сеюми озмун мушарраф гардиданд. Барои иштироки фаъолона Амонулло Арипов (МТМУ№18), Меҳрангез Охунова (МТМУ №21), Муталиб Афсаҳов (МТМУ №22) ва Мансурхӯҷа Музаффаров (МТМУ №31) бо дипломҳои озмун сарфароз гардонида шуданд.

Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шамсия Қурбонова озмуни «Хонандаи соли 2019»-ро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳадафи озмун дарёфт ва муайян намудани хонандагони боистеъдод, навовар, эҷодкор буда, ҳамзамон дар ин замина рушди истеъдоди хонандагони болаёқат дар таҳсили минбаъдаашон мебошад. Ҳамаи довталабони озмун истеъдоди нотакрор ва маҳорати хешро бо санъати баланд ба маърази тамошо гузоштанд.

Ба ғолибони озмун ҷоиза ва дипломҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷандро тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд