(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Баҳри амалӣ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим ва яке аз самтҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои №3 ва №40-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии «Офарин» таҳти шиори «Мо кӯдакони хушбахтем» баргузор гардид.

Дар мусобиқаи варзишӣ ду даста, яке бо номи «Офтобак»-тарбиятагирандагони кӯдакистони №3 ва дастаи дуюм бо номи «Моҳтобак»-тарбиятгирандагони кӯдакистони №40 бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Иштирокдорони мусобиқа аз рӯйи шартҳои давидан аз байни монеаҳо дар шакли морпеч, ҷаҳиш аз ҳалқа бар ҳалқа, ҳалқача нишон гирифтан, болои тӯпи калон нишаста, ҷастан, ҳалқаҳоро аз болои худ гузаронидан, бо дучарха аз байни монеаҳо гузаштан, бозии «Паррандаҳо дар лона» ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд ва завқи кӯдакона иҷро намуданд. Дар натиҷаи қувваозмоӣ дастаи «Моҳтобак» бо даст овардани як холи бартарӣ ғолиби мусобиқаи варзишии «Офарин» гардид.

Ба ғолибон ва иштирокдорони мусобиқа туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ҷараёни мусобиқаи варзишии «Офарин»-ро намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва маъмурияту мураббиёни кӯдакистонҳои №3 ва №40 мушоҳида намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд