(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳазор бех ниҳоли сояафкан барои шинондан омода гардидИмрӯз ба ихтиёри муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд боз ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабзи «Ардач» ворид гардид. Ниҳолҳои мазкур 7-8 сола буда, аз нохяи Ваҳдат оварда шуданд.

Назар ба иттилои сардори муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Раҳимбоев ниҳолҳои мазкур аллакай пагоҳ барои дар кучаю гулгаштҳои маркази вилоят шинондан омода карда мешаванд. Ҳоло бошад кормандони муассисаи мазкур тану шохаҳои ниҳолҳоро ба тартиб оварда, барои нигоҳдории онҳо шароит муҳайё менамоянд.

Бо истифода аз аввалин рузхои гармии арафаи фасли баҳор тамоми муассисаҳои ободонию кабудизоркунӣ барои ба таври ҳашар шинондани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ омодагии мукаммал мебинанд.