(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бахшида Рўзи ҷавонони Тоҷикистон.

Ҷавонони саодатманди диёр, ҳамшаҳриёни азиз!

Фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҳамаи шумоён табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандивӣ, пешравии хонишу муваффаrият дар таҳсил, рўзгори ободу фатҳи қуллаҳои муродро таманно менамоям.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўи фардои нек қадамҳои устувор мегузорад ва дар давраи пурталотуми ҷаҳонишавӣ, ки тамоми кишварҳои олам rарор доранд, масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон ҳамчун нерўи ояндасози миллат, дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».Ҳамзамон, илова карданд, ки «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерeи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам боло мебардорад, ҳамеша такя менамояд.»

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон тамоми тадбирҳоро андешида, барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон силсилаи корҳоро ба анҷом расонида истодааст.

Эълом ва тантанаи моҳонаи ҷавонӣ имкон фароҳам меоварад, ки дар давоми ин моҳ ҷавонон аз муҳимтарин барномаҳои ҷолиби сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ бархурдор гардида, бори дигар таваҷҷўҳи хосаи Сарвари давлатро нисбат ба ҷавонон эҳсос намоянд.

Хушбахтона, имрӯзҳо, ба шарофати сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат нақши ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи ояндасоз дар тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа ба пуррагӣ эҳсос мегардад.

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои Президент, Раиси вилоят ва Раиси шаҳр, квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентии «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби чавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон арзёбӣ мегардад.

Ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.

Боварии комил дорем, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандўсти кишвар ҷавонони шаҳри Хуҷанд низ чун фарзандони асили миллат Ватани азизи худро пеш мебаранд, ҳимоя мекунанд ва бар хидматаш ҳамеша омода мегарданд.

Идатон муборак, ҷавонони сарбаланд!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд