(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаю созгор ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019 аз истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» боздид ба амал овард.

Тавре, ки иттилоъ дода шуд, ки урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз»-и Хуҷанд бо ҷалби беш аз 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба таъмиру таҷдид фаро гирифта гирифта шудааст. То имрӯз як қатор корҳои асосӣ, аз ҷумла роҳравҳои асосии урдугоҳ дар ҳаҷми 500 метри мураббаъ, ҳавзи оббозӣ, чароғоннамоӣ, ошхона ва ғайраҳо ба анҷом расида, дар дигар самтҳо корҳо босуръат идома дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини сохтмон дастур дод, ки ба корҳои таъмиру таҷдид суръат бахшида, баҳри босифат анҷом додани он тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Ба роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд супориш дода шуд, ки баҳри гузаронидани корҳои ободонӣ шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шавад ва ин макон зебову пуртароват гардида, ба мавсими истироҳату фароғати наврасон омода карда шавад.

Маъруф Муҳаммадзода таъмиру таҷдиди майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла майдони бозии волейболро амри саривақтӣ арзёбӣ намуда, баҳри ҳарчӣ зудтар анҷом додани муҳлатҳои муайян дод.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳудуди урдугоҳи «Парвоз» беш аз 5, 6 гектарро ташкил намуда, дар он 4 бинои хобгоҳи умумии истироҳатӣ бо фарогирии беш аз 200 нафар истироҳаткунандагон мавҷуд аст. Дар истироҳатгоҳ дар баробари ошхона, ҳавзи шиноварӣ ҳамзамон амфитеатр, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мавҷуд буда, то мавсими нави истироҳату фароғати наврасон он омода карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз як моҳ қабл ба ин мавзеъ сафари кории Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сурат гирифта, масъулини дахлдор ҷиҳати анҷом додани корҳои таъмиру таҷдиди урудугоҳ вазифагузорӣ гардида буданд.

Пудратчии корҳо ҶДММ СУ-5 буда, алҳол беш аз 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ дар ин мавзеъ машғули коранд. Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти ҷамъият дастур дод, ки сафи сохтмончиёнро ба 50 нафар расонида, сермаҳсулии фаъолиятро ба роҳ монанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд