(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар майдони тенниси муассисаи давлати мактаби варзишии рақами 1 дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба теннис байни писарон ва духтарон гузаронида шуд, ки дар он 38 нафар, аз ҷумла 12 нафар духтарон бо ҳам рақобат намуданд.

Дар натиҷа мақомҳои ифтихориро байни писарон Искандар Исмоилов, Мансурҷон Рустамов ва Иброҳимҷон Нуров ва байни духатрон бошад мутаносибан Меҳрона Баҳодурхоҷаева, Гузал Мансурова ва Ясмин Мирзохонова ба даст оварданд.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ такдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд